“Садои мардум”: Нахустин гурӯҳи ҷавонон бо пардохти маблағ соҳиби билети ҳарбӣ шуданд (Шарҳи матбуот)

Акс аз”Азия-Плюс”

Солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, мушкилоти молиявии ширктаи “Барқи тоҷик”, зарурати таъмини хоҷагиҳои деҳқонии кишвар бо нуриҳои минералӣ, интизориҳо ва вазири нави маориф ва илми кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи 22 феврал хабарҳои муҳим аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро дар равзанаи «Тоҷикистон» чоп карда, инчунин маводи таҳлилиеро таҳти унвони «Тавонмандии давлат аз қудрати артиш аст» ба нашр расонидааст.

“Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 феврал аз қавли Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ навиштааст, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ “Азот” мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввал корхона мувофиқи нақшаи пешбинигардида, солона 100 – 115 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол хоҳад намуд. Ин дар ҳолест, ки эҳтиёҷоти солонаи кишвар ба нуриҳои минералӣ ҳудуди 600 ҳзаор тонна арзёбӣ мешавад. Бояд гуфт, ки корхонаи “Азот” дар замони шуравӣ барои соҳаи кишовразӣ карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ тавлид менамуд, вале дар солҳои ахир ба иллати муфлисшавӣ аз фаъолият боз монд. Дар ҳамин ҳол муаллиф дар фарҷоми матлаб навиштааст, лекин боз ҳам гап сари арзиши нуриҳои селитру карбамиди «Азот» меравад, ки оё он барои деҳқон дастрас хоҳад буд ё на?

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22 феврал ба муносибати солгарди таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон бо генерал -полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар мусоҳибае анҷом додааст.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав, ки аз қабули он як сол сипарӣ шуд, гуфтааст, қонуни зикршуда дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷ таҳия гардида, вобаста ба талабот ва шароити ҷомеаи ҳозираи кишвар мутобиқ шудааст. Ба гуфтаи Шералӣ Мирзо, хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, навоварӣ ва шакли нави хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикситон буда, ҷавонон имкон доранд бо пардохти маблағи муайян ва анҷоми тамринҳои якмоҳа соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.

Дар ин замина вазири мудофиа зикр кардааст, ки нимаи дуюми моҳи январи соли 2022 дар пойгоҳи марказҳои таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон ва «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд сарбозоне, ки ихтиёран ва бо пардохти маблағи муқарраршуда ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардидаанд, хидмати ҳарбиро бо гузаштани тамрини якмоҳаи ҳарбӣ анҷом дода, ба ҳайати захираҳои эҳтиётии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ворид гаштанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 23 феврал дар матлабе навиштааст, ки дар соли 2021 Тоҷикистон бори аввал дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба маблағи беш аз 2 млрд доллар маҳсулот ба хориҷи кишвар содир кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар соли 2020-ум Тоҷикистон ба хориҷа ҳамагӣ ба маблағи 740 млн доллар молу маҳсулот содир карда буд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки соли гузашта маҳсулоти ду ширкати ватанӣ ба бозори Иморати Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтааст. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки бо ин вуҷуд ҳамоно тавозуни тиҷорати хориҷии кишвар манфӣ боқӣ монда, Тоҷикистон соли 2021 ба маблағи зиёда аз 4 млрд доллар маҳсулот ворид кардааст, ки ин нисбат ба соли 2020 33% зиёд аст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “Командаи нави маориф” навиштааст, ки раҳбарияти нави вазорати маориф ва илмро зарур аст барои ҳалли умдатарин мушкилоти соҳа дасту остин бар зананд. Аввал ин ки то ҳол ҷойи нишаст дар мактабҳо намерасад, яъне ба ҷойи 20-25 нафар дар як синф аз 35 то 40 нафар хонанда дарс мехонад. Баъдан биноҳои фарсудаву ҳолати садамавии мактабҳо, нарасидани китобҳои дарсӣ, ҷамъоварии пул аз хонандагон ва ниҳоят эродҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хӯшае аз ин мушкилот аст.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 24 феврал дар сармақолаи худ бо номи “Се сабаби фақри “Барқи тоҷик” кадом аст?” омилҳои касодии молии ин ширкатро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар соли 2021 қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” афзоиш ёфта, ба 32.3 млрд сомонӣ расидааст. Гуфта мешавад, 75%-и ин маблағ ба қарзҳои ҷалбнамудаи хориҷӣ ҷиҳати амалӣ кардани тарҳҳои энергетикӣ рост меояд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки муштариён низ аз ширкати Барқи тоҷик барои истифодаи нерӯи барқ 3.3 млрд сомонӣ, аз ҷумла аҳолӣ 1.4 млрд сомонӣ қарздор ҳаст.

Ба навиштаи муаллиф, коршиносони соҳа яке аз омилҳои афзоиши қарзҳои “Барқи тоҷик”-ро ба мизони болои талафоти нерӯи барқ ё ба истилоҳ ҳолатҳои дуздии барқ марбут медонанд.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки чаро дар Тоҷикистон нуриҳои минералӣ арзиши гарон дорад ва ин вазъият чи пайомадҳо ба бор хоҳад овард? Ба навиштаи муаллиф, айни замон дар Тоҷикистон арзиши 1 кг селитра ва карбамид ба 10 сомонӣ расидааст, дар ҳоле ки соли гузашта он аз 4 то 5 сомонӣ арзиш дошт. Муаллиф афзудааст, ки барои мисол бо сабаби чунин ҳолат дар шаҳри Турсунзода соли ҷорӣ парвариши сабзавот дар гармхонаҳо 50% кам шудааст.

Аз ҷониби дигар муаллиф таъкид мекунад, ки айни замон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Туркманистону Ӯзбекистон 3-4 баробар нисбати Тоҷикистон арзонтар аст ва аз ин рӯ ахиран дар бозорҳои кишвар помидорҳои истеҳсоли ин кишварҳо фаровон шудааст.

Тибқи арзёбиҳои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонии кишвар солона ба 550 ҳазор тонна нурҳои минералӣ ниёз доранд, ин дар ҳолест, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ҳамагӣ 200 тонна нурии минералӣ ворид карда шудааст.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 24 феврал дар матлабе навиштааст, ки бо гузашти се сол то ҳанӯз корҳо дар лоиҳаи обтаъминкунии “Ҳазорчашма – Ғончӣ” ба анҷом нарасидаанд. Дар ҳоле ки ин тарҳ моҳи августи соли 2019 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Лоиҳаи мазкур бояд беш аз 20 ҳазор аҳолии шаҳраки Ғончӣ ва деҳаҳои атрофи онро бо оби тоза таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол масъулини иҷрои ин лоиҳа гуфтаанд, ки тарҳи мазкур ба таври комил моҳи декабри соли 2022 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки муаллифи матлаб навиштааст, то ҳанӯз сокинони ин минтақа аз камбуди об шикоят доранд Илова бар ин дар аксҳое, ки дастраси “Фараж” гардидааст, дида мешавад, ки дар саргаҳи об танҳо як хонача барои посбон, ҳавз ва чоҳи об сохта шудааст. Аммо гуфта мешавад ҳангоми гирифтани ин аксҳо он ҷо касе набуд ва чоҳи об ҳам кор намекард.

Нашрияи “Фараж” дар ин шумораи хеш матлабе бо номи “Сертификатҳои безамин” чоп карда навиштааст, ки солҳо боз гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Айнӣ санади замин доранд, аммо то ҳол соҳиби замин нашудаанд.

Муаллиф менависад, ки 7 сол қабл ба 186 сокини деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ бо қарори раиси ноҳия қитъаҳои замин ҷудо шуда буд ва сокинон сертификати истифодаи замин низ доранд. Аммо гуфта мешавад, ки ин заминҳои ҷудошуда айни замон дар ихтиёри як хоҷагии деҳқонӣ барои кишти ҷаву гандуми лалмӣ қарор доранд. Ба гуфтаи Мизроб Махсумзода, масъули Кумитаи замини ноҳияи Айнӣ дар харитае, ки дар сертификат нишон дода шудааст, он замини корами лалмӣ аст, бинобар ин ҷудо кардани қитъаҳои замин ғайриимкон аст.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,

Радиои “Тоҷикистон”