Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро тасдиқ кард, ки дар онҳо бозиҳои мутамаркази марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 баргузор мешаванд.
Бозиҳои Ҷоми AFC-2022 дар гурӯҳи «Е» бо ширкати барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон «КМВА» аз 24-30 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. «КМВА» дар нахустин Ҷоми AFC бо бошгоҳҳои «Насаф» ё «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) бозӣ мекунад.
Бозиҳои гурӯҳи «F» бо ширкати «Хуҷанд» аз 24-30 июн дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда, дар он ноиби чемпиони Тоҷикистон бо қаҳрамони Қирғизистон «Дордой» ва «Копетдаг»-и Туркманистон вомехӯранд.
Бояд гуфт, ки агар дар Ҷоми AFC-2022 ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дастаи Қарши «Насаф» роҳ ёбад, барандаи медали нуқраи чемпионати Ӯзбекистон «Ҷиззах-Суғдиёна» баромад хоҳад кард. Агар «Насаф» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ наёбад, дар Ҷоми AFC-2022 баромади худро идома медиҳад.
Ҷоми AFC 2022
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), «КМВА» (Тоҷикистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
Гурӯҳи «F»: «Хуҷанд» (Тоҷикистон), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).
Сорбон Амонуллозода,
радиои «Тоҷикистон»