Ҷудочиёни тоҷик дар GRAND SLAM TEL AVIV 2022 иштирок мекунанд

Рӯзҳои 17-19-уми феврал дар пойтахти Исроил шаҳри Тел-Авив мусобиқаи GRAND SLAM TEL AVIV 2022 баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4-варзишгар намояндагӣ мекунанд.Сомон Маҳмадбеков дар вазни (-73 кг),

Шодмон Ризоев дар вазни (-81 кг),

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни (-90 кг)

Темур Раҳимов дар вазни (+100 кг).

Дар мусобиқа 318-ҷудоварз аз рӯи 14-вазн (160-мард, 158-зан) барои ба даст овардани медалҳо мубориза мебаранд.