Пешниҳоди тоҷикӣ намудани рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистон қабул нагардид. Шарҳи Кумитаи забон

Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, ки пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистон қабул нагардад, аммо ин Кумита пешниҳод накарда буд.

 Олимҷон Муҳаммадзода, ин нуктаро дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз намуда, гуфт рутбаҳои низомӣ дар шакли ҳозира боқи мемонад. Эҳтимоли тоҷикӣ гардидани рутбаҳои ҳарбиро дар оянда сарфи назар накард.

“Муттаасифона пешниҳод нагузашт. Хулосаи Кумита барои дигар кардани рутбаҳои низомӣ чанд сол қабл гирифта шудааст, ва бо пайдо шудани шароит ва имконот мумкин дигар карда шавад”,- гуфт Олимҷон Муҳаммадзода

Қаблан гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапоршик – силаҳбон пешниҳод шуда буд.

Дар мавриди ҳайати афсарӣ, лейтенант – таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал лейтенант – лашкарсолор, генерал полковник – сипаҳсолор ва генерал армия – артишсолор пешниҳод шудааст.