Paris Grand Slam 2022 барои Комроншоҳи Устопириён бенатиҷа хотима ёфт

Рӯзҳои 5-6 феврал дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи бонуфузи Paris Grand Slam 2022 баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг намояндагӣ кард.

Комроншоҳ дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм оғоз кард. Дар рақобати аввалинаш варзишгари тоҷик аз ҷудочии Италия – Кристиан Парлати шикаст хӯрд. Қаблан Устопирён аз ин варзишгар дар Grand Prix Portugal 2022 низ шикаст хӯрда буд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ягона варзишгар Комроншоҳи Устопирён муаррифӣ кард ва баъди нокомӣ дар даври дуюм мутаасифона аз идомаи рақобатҳо бенасиб гардид.

Сорбон Амонуллозода

Радиои “Тоҷикистон