Дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ Тоҷикистон ва Русия ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора Дилмурод Давлатзода, роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти ин хабар дод.
Гуфта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия фаъолият мекунанд имкон доранд дар он кишвар ба нафақа бароянд. “Тибқи созишнома шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд ва расман дар он кишвар маошашон суғурта шудааст имкони дарёфти нафақаро доранд”,- гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, созишномаи дахлдор дар ин бора, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз моҳи августи соли 2021 имзо шудааст.
Гуфта мешавад, созишномаи дуҷониба ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.