Темур Раҳимов, ҷудокори маъруфи тоҷик дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар вазни +100 кг бо 3114 имтиёз мақоми шашумро касб намуд.
Дар рӯйхати нави ин созмони варзишӣ дигар варзишгарони тоҷик низ зикр шудаанд. Дар ин радабандӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кг ва бо касби 2360 имтиёз мақоми 11-ум, Сомон Маҳмадбеков (-73 кг) бо 2118 имтиёз мақоми 17-ум, Шаҳбоз Саидаброров (-60 кг) бо 890 имтиёз мақоми 42-умро ба даст овардаанд.
Дар вазни -81 кг Акмал Муродов бо 616 имтиёз дар мақоми 58-ум қарор гирифтааст.
Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) бо ба даст овардани 536 имтиёз мақоми 58-умро касб кардааст.
Ба ҳафтгонаи беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Муҳаммадраҳим Сарахонов мақоми 72-юмро бо касби 420 имтиёз дар вазни -73 кг ба даст овардааст.
Ба радабандӣ бонувони Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Дар радабандии бонувони ҷудокори тоҷик Шукрона Қарчиева дар вазни -48 кг 272 имтиёз ба даст оварда, дар мақоми 75-ум мебошад. Шоҳида Қаландарова дар вазни -63 кг дар ҷои 164-ум ҷойгир аст.
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) радабандии ҷаҳониро чанд муддат пас нав мекунад, ки имсол мақоми варзишгарони Тоҷикистон дар он тағйир ёфт. Бояд гуфт, ин радабандӣ бар пояи иштироки варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ таҳия мешавад.