3 феврал кадом вазорату идораҳо нишасти мабуотӣ доранд?

Акс аз АМИТ “Ховар”

3 феврал Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонВаколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 09:00 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ доир мегардад.

Маркази миллии  қонунгузорӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маркази мазкур барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 10:00 дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 11:00 дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ баргузор мешавад.