Маликов Машраб Холмаҳмадович 24 феврали соли 1976 дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавалллуд шудааст. Соли 1982 ба мактаби миёнаи рақами №16- деҳа рафта онро соли 1993 бо баҳои хубу аъло ба итмом расондааст. Соли 1995 ба факултаи журналистика ва тарҷумонии ДМТ қабул шуда, соли 2000-ум хатм намудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳ ба мудддати як сол дар рӯзномаи «Ҳамроз» кор кардааст. Сипас, соли 2001 ба Радиои Тоҷикистон омода, аз соли 2006 то соли 2008 чун муҳарррир фаъолияти эҷодияшро дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқӣ, идораи барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ давом додааст. Солҳои 2008-2012 дар идораи таҳлилӣ ба ҳайси муовини сармуҳаррир ифои вазифа карда аз соли 2012 то соли 2014 ба идораи барномаҳои иттилоотӣ чун ба вазифаи сармуҳаррир омадааст. Аз солҳои 2014 то солҳои 2016 дар вазифаҳои Мудири шуъбаи танзими радиои Тоҷикистон ва сармуҳаррири Радиои «Овози тоҷик фаъолият кардааст. Солњои 2016-2020 муовини сармуњаррири Идораи барномањои иттилоотї фаъолият намуда, моњи маи соли 2020 ба вазифаи сармуњаррири идораи мазкур таъин гардидааст. Бахшида ба 80-солагии Радиои Тоҷикистон бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст. Аз соли 2017 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.