Кормандони милитсияи ноҳияи Сино ҷавони 20-солаи сокини пойтахтро боздошт намудааст, ки дар дуздидани телефони мобилии “Айфон Х” гумонбар дониста мешавад.
Тавре дафтари матбуотии ВКД менависад, нафари гумонбар, ки ному насабаш гуфта намешавад, моҳи ноябри соли 2021 дар дохили қаҳвахона аз ҷайби як нафар сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакӣ “Айфон Х”-ро рабуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
“Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, – омодааст дар хабарномаи ВКД.
Манбаъ меафзояд, кивобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.