Расонаҳои хабарии Узбекистон дар такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Узбекистон иттилоъ додаанд, ки алакай дар як нафар шаҳрванди хориҷии ба ин кишвар воридгардида штамми нави бемории COVID-19 – “омикрон” муайян карда шудааст.
Дар робита ба ин масъала дар ҷаласаи навбатии Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ қайд карда шудааст, ки сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар ин кишвар афзоиш ёфта, минбаъд низ андешидани чораҳои зарурӣ алайҳи ин беморӣ зарур аст.
Вазорати тандурустӣ, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ва Кумитаи дин ба мувофиқа расидаанд, ки барои шаҳрвандон пас аз бозгашташон аз ҳаҷи умра ташхиси коронавирус ташкил кунанд.