Чемпионати футзал САFA-2022 миёни бонувон дар Душанбе баргузор мешавад

Нахустин мусобиқа дар соли 2022 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Аз 19 то 29 январ дар шаҳри Душанбе чемпионати футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона доир мегардад. Дар чемпионат дастаҳои занонаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода мекунад. Чемпионати миллии футзали занони CAFA-2022 аз рӯи системаи дудаврӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳар як даста шаш бозӣ анҷом медиҳад.

Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад. Ҳама бозиҳои мусобиқа дар маҷмааи варзишии бисёрфунксионалии Душанбе баргузор мешаванд, ки он метавонад се ҳазор тамошобинро қабул намояд.

Сорбон Амонуллозода

Радиои “Тоҷикистон”