Суди олии Лондон даъвои Бонки марказии Венесуэларо дар бораи ба ҳукумати Николас Мадуро додани тиллои маҳфузмонда дар Бонкҳои Британияро рад кард. Дар аввали соли гузашта мақомоти Британия ба баррасии эътирофи президенти қонунии Венесуэларо оғоз кард. Ахиран, Суд роҳбари мухолифини ин кишвар Хуан Гуайдоро ҳамчун роҳбари қонунии давлат эътироф кард. Ин маънои онро дорад, ки Хуан Гуайдо ҳоло метавонад захираҳои металлҳои қиматбаҳоро бо арзиши умумии беш аз 1 миллиард доллар идора кунад.
Дар ҳамин ҳол, Николас Мадуро, президенти Венесуал гуфтааст, чораҳои ҷавобиро нисбати Британия хоҳад дид. Тибқи иттилои Бонки марказии Венесуэла, маблағи аз фурӯши фондҳои тиллоӣ ба дастомад бояд ба барномаи СММ оид ба мубориза бо коронавирус равона карда шавад.
Ду сол пеш низ Британияи Кабир ба хости Мадуро ҷавоби рад дода буд. Он замон Бонки Англия изҳори нигаронӣ карда буд, ки он тиллои давлатро барои мақсадҳои шахсӣ истифода хоҳад бурд. Акнун бо баҳонаи ӯро чун президенти қонунӣ нашинохтан аз ҳуқуқи идораи тиллои кишвараш маҳрум сохт.
Британияи Кабир дар қатори Амрико ва кишварҳои дигари аврупоӣ дар сангари зидди Мадуро мавқеъ гирифта, талош доштанд, бо роҳи зӯр ва табадуллоти давлатӣ Хуан Гуайдоро ба қудрат биоранд. Аммо Русия, Чин ва чанд қудрати дигар нагузоштанд, ки Николас Мадуро сарнагун шавад. Сар аз Амрико то Британияи Кабир ва дигар ҳампаймонони онҳо дар тарафдорӣ аз Гуайдо аз кӯчактарин фишанги худ истифода мекунанд, то Мадуро аз қудрат дур шавад.
Рӯзи душанбе Иттиҳоди Аврупо 11 мансабдор ва узви парлумони Венесуэларо ба рӯйхати таҳримҳо барои таъқиби мухолифин ва “халалдор кардани демократия” дар ин кишвар, шомил кард. Дар посух, Каракас сафири Иттиҳоди Аврупоро “персона нон грата” эълон кард, аммо пас аз даъвати роҳбари дипломатияи Аврупо Хосеп Боррел ин тасмимро бознигарӣ кард.