Созмони миллали муттаҳид рӯзи 2 июл бо нашри оморе навишт, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 дар Афғонистон беш аз 800 нафар ғайринизомён кушта ё захмӣ шудаанд, ки ҳадаф аз афзоиш хушунатҳо халалдор кардани музокироти сулҳ дар ин кишвар аст.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, намояндагии СММ дар Афғонистон навиштааст: “харобкунандагоне ҳастанд, ки намехоҳанд ҷанг тамом шавад. Муҳим нест, ки чӣ усулро барои аз хат хориҷ кардани фароянди сулҳ ба кор мегиранд, набояд ба онҳо иҷозаи муваффақият дода шавад.” Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки Толибон масъули ниме аз омори захмиҳо ва куштаҳо дар Афғонистон ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дар Афғонистон ҷангиёни гурӯҳи Толибон ва неруҳои давлатӣ ба таври мураттаб даргир мешаванд, аммо ба гузориши хабаргузории Фаронса дар ҳафтаҳои ахир додситонҳо, раҳбарони мазҳабӣ, ибодаткунандагон, хабарнигорони ва кормандони бахши тандурустӣ ва ҳуқуқ башар ҳадаф гирифта шудаанд.
Дар моҳи май ҳамлаи мардони мусаллаҳ ба бемористоне дар Кобул 25 кушта ба ҷо гузошт ба тавре, ки 16 нафар онҳо модар буданд. Толибон масъулият ин ҳамла ва бисёре ҳамалот дигарро рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол намояндагии СММ дар Кобул Толибон ва мақомҳои афғонро тарғиб кард, ки ғайринизомёнро ҳадаф нагиранд ва пеш аз гуфтугӯҳои ояндаи сулҳ барои коҳиш даргириҳо талош кунанд.
Бар асоси тавофуқи Амрико ва Толибон музокироти байнулафғонӣ қарор буд дар моҳи март шурӯъ шавад, аммо ҳанӯз анҷом нашудааст.
Бо ин ҳол бар асоси баёнияе, ки сафорати Амрико дар Исломобод рӯзи 2 июл мунташир кард, Залмай Халилзод намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон, ба мақомҳои Покистон гуфтааст, ки Толибон ва раҳбарони Афғонистон ба шурӯи музокирот наздик ҳастанд.
Таърихи дақиқи шурӯи ин музокирот эълом нашудааст, аммо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, ахиран гуфт, ки даври аввал музокирот дар Давҳа хоҳад буд, ҷое, ки дафтари сиёсии Толибон қарор дорад.
Бар асоси ин тавофуқ, ду тараф бояд пеш аз шурӯи музокирот боқии зиндонёнро озод кунанд. Давлат Афғонистон қарор аст, панҷ ҳазор зиндонии Толибон ва шӯришён ҳазор неруи давлатро озод кунанд. Давлати Афғонистон то кунун 3500 нафар ва Толибон ҳудуди 700 нафарро озод кардаанд.