Аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе муҳимтарин рӯйдод ва ҳодисаҳои Тоҷикистон дар соли 2021-умро аз дидгоҳи хеш баррасӣ кардаанд.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо нашрияи расмии “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки соли оянда кишвари мо ба Шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешавад ва ин иқдом барои Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва зиёд намудани содироти барқро фароҳам меоварад.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа пайвастан ба ин шабака ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба бозори бузурги энергетикӣ ворид шавад, зеро талабот дар ин бозор наздики 190 миллиард кВт/соат барқро дар сол ташкил медиҳад. Вазири энергетика афзудааст, ки бо пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» 14 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол мегардад, ки ин ҳаҷм барои пурра қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ ва содироти он ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода хоҳад шуд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 24 октябр аз натиҷаҳои муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси Намояндагон дар бораи раванди иҷрои қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» хабар додааст.
Муаллиф бо такя ба маълумоти Кумиати кор бо занон ва оила навиштааст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва пешгирии зӯроварӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 110 маркази иттилоотӣ-машваратӣ ташкил шудааст, ки ба ин марказҳо дар соли 2020-ум 1682 нафар муроҷиат намудаанд. Инчунин дар маҷлисҳои сайёри судӣ дар соли 2020, 295 парвандаи вобаста ба хушунати хонаводагӣ баррасӣ шудааст.
Аз сӯи дигар дар ин муҳокимаи парлумонӣ Муовини прокурори генералии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода иттилоъ додааст, ки тайи шаш соли охир дар кишвар 721 ҷиноят марбут ба зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла 212 куштор, 21 ҳолати куштани кӯдакони навзод аз тарафи модарон, 254 ҳодисаи ба худкушӣ расонидан ва 170 ҷинояти дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки аз тарафи аъзои оила содир шудаанд, ба қайд гирифта шудааст. Таҳлили сабабҳои содиршавии ин ҷиноятҳо собит сохтааст, ки аксари онҳо ба хушунати оилавӣ алоқаманд ҳастанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 29 декабр мақолае бо номи “Худо аз ин бад накунад!” менависад, ки соли 2021 аз назари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мардуми Тоҷикистон соли вазнинтарин буд. Далели ин ҳам афзоиши бесобиқаи нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар аст: 1 литр равған аз 12 то 25 сомонӣ, шакар аз 6 ба 10 сомонӣ, тухми мурғ аз 60 дирам то 1 сомонӣ боло рафт. Дар баробари ин роҳкирои нақлиёти заминиву осмонӣ ва қариб нархи хизматрасониҳои дигар дар соли 2021 ба таври чашмгир афзоиш ёфт.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 30 декабр дар матлабе ба баррасии муҳимтарин ҳаводиси Тоҷикистон дар соли 2021 пардохтааст. Ба навиштаи муаллиф нахустин рӯйдоди муҳими соли 2021 боз шудани парвозҳои байналмилалӣ ва кушода шудани гузаргоҳи “Кулма” дар марзи Тоҷикистону Чин буд.
Баъдан соли гузашта қонуни нав дар мавриди хизматӣ ҳарбӣ қабул шуд, ки тибқи он хоҳишмандон метавонанд бо пардохти беш аз 25 ҳазор сомонӣ соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд. Дар баробари ин афзоиши бесобиқаи нархи сӯзишвории нафтӣ, муноқиша дар марз бо Қирғизистон, афви маҳбусон ва сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз муҳимтарин ҳаводиси соли 2021 дониста шудаанд.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯро матраҳ кардааст, ки оё бо афзоиши нархи убур аз роҳи пулакии “Душанбе-Чаноқ”, қимати маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо низ боло меравад? Муаллиф ёдовар мешавад, ки сар аз 1 январи соли 2021 ҳаққи истифода аз ин роҳи пулакӣ афзоиш меёбад. Ба таъкиди муаллиф бо назардошти он ки бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти ширӣ дар вилояти Суғд ҷойгиранд, эҳтимол нархи ин маҳсулот дар шаҳри Душанбе то 10 дарсад боло равад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи ин ҳафтаи хеш, бо нашри мақолае аз афзоиши пошхӯрии оилаҳо дар вилояти Хатлон дар соли 2021 изҳори нигаронӣ кардааст.
Муаллиф бо такя ба омори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон навиштааст, ки дар 11 моҳи соли 2021 дар ҳудуи ин вилоят 2 ҳазору 950 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисабти соли 2020 800 ҳолат зиёд аст.
Ба гуфтаи ин манбаъ баъди аз ҳам чудо шудани ин оилаҳо 3 ҳазору 207 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шуданд. Бефарзандӣ, дахолати шахсони сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, муҳоҷирати корӣ, беморӣ ва рашк аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳо дониста шудааст.
Нашрияи “Фараж” дар ин шумоари хеш мусоҳиба бо Саидҷафар Усмонзода раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистонро чоп кардааст. Усмонзода дар ин мусоҳиба хостори пайвастани Ҷумуҳрии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудааст.
Ба гуфтаи вай амнияти минтақа ва кишвар, манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, гардиши молу маҳсулот ва дигар заруратҳое ҳастанд, ки Тоҷикистон бояд ба ин созмон шомил шавад. Ба унвони мисол раиси Ҳизби демократ гуфтааст, ки неруи зиёди корӣ аз Тоҷикистонро танҳо Русия қабул карда метавонад, дар ҳоле ки дигар кишварҳо омодаи пазируфтани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон нестанд.