Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, аз шароити хидматии афсарону сарбозон дидан намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Гуфта мешавад, Раҳимзода аз номи Роҳбари давлат ба афсарону сарбозон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод кардааст.
Зикр гардид, ки сарбозону афсарон зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд.