24-уми декабр дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид. Дар ин маросим ғолибон аз рӯи сездаҳ номинатсия муайян карда шуданд.
Беҳтарин бозингари Лигаи якум:
Далер Шарипов (“Пахтакор”)
Беҳтарин мураббии Лигаи якум:
Ҳикмат Фузайлов (“Регар-ТадАЗ”)
Беҳтарин бозингари Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон:
Аминҷон Алиаҳмадов (“Равшан”)
Беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон:
Шарифҷон Зиёев (“Хуҷанд”)
Беҳтарин довар:
Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
Беҳтарин дарвозабон:
Роҳат Ҷапаров (“КМВА”)
Беҳтарин дифоъгар:
Ваҳдат Ҳанонов (“Истиқлол”)
Беҳтарин ниммуҳофизатгар:
Фатҳулло Фатҳуллоев (“КМВА”)
Беҳтарин ҳамлавар:
Илҳомҷон Баротов (“Истаравшан”)
Беҳтарин легионере, ки дар Чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад:
Артём Сердюк (“Хуҷанд”)
Беҳтарин мураббӣ:
Виталий Левченко (“Истиқлол”).
Беҳтарин нишонзани Лигаи Олӣ:
Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”)
Бояд зикр намуд, ки исми беҳтарин бозингари сол дар Чемпионати Тоҷикистон ва беҳтарин бозингари тоҷик, ки дар хориҷ ҳунарнамоӣ мекунад, дар маросими тантанавии ҷамъбастии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 25-декабр дар “Кохи Парфенон”-и пойтахт баргузор мегардад, эълон карда мешавад.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон“