Дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идора, кумита, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳои тиббӣ ва ширкони рушд иштирок намуданд.
Дар ин бора сомонаи ин Вазорат хабар дода менависад, ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед зимни ифтитоҳи мизи мудаввар иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш низ бори дигар ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро баён дошта, таъкид намуданд, ки “ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаҳои давлатӣ идома доранд”.
Зикр гардид, ки тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии мутахассисон низ ба доираи вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ дохил гардида, ба фаҳмиши он асос ёфтааст, ки кадрҳои ихтисосманд ва салоҳиятнок қодиранд, ки саривақт, ихтисосмандона ва эҷодкорона ба масъалаҳои ба миён омадаи замони муосир вокуниш намоянд. Онҳо яке аз воситаҳои калидӣ ва муҳим дар амалишавии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд.
Таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар шароити имрӯза баҳри амалӣ гардидани тадбирҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар солҳои минбаъда заминаи боэътимод муҳайё хоҳад сохт.
Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба мавзӯи “Тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.