Имрӯз, 17 декабр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно ва 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ ва ҳунарӣ баргузор гардид, ки дар он олимону донишмандон, адибону донишҷӯён ва алоқамандони шеъру ҳунар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҳфил аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қироат гардида, ғазалҳои ин шоири саршинос аз сӯйи овозхонҳои тоҷикистониву афғонистонӣ сароида шуд. Ҳамчунин китоби “Мақоми Мавлоно аз нигоҳи шуаро” дар таҳияи Муҳаммад Ҷаъфари Ранҷбар ва “Асрори Рӯмӣ” дар тарҷумаи профессори тоҷик Парвона Ҷамшед рӯнамоӣ гардид, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарон, асари арзишманду пурбаҳра аст.
Маҳфили мазкур бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ барпо гардид.