Дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” натиҷагирии доварон пас аз имтиҳони ҳар як бахш сурат мегирифт. Ба ин тариқ ба иштирокчиёне, ки аз натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон норозӣ буданд, имконият дода шуд, то барои хубтар дида баромадани иштирокашон тариқи сабти видеоӣ, апелятсия нависанд. Аммо ба андешаи чанде аз онҳо бовуҷуди асоснок будани апелятсияи навиштаашон аз ҷониби масъулин чорае дида нашудааст.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидан ва таъмини шаффофият дар озмуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Таъмини шаффофияти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз мутасаддиён масъулияти баландро талаб мекунад. Омина Рустамова аз иштирокдорони озмуни мазкур мебошад ва мегӯяд, ки имсол бо тайёрии ҷиддӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ ҳозир шуд, вале бо сабаби ноадолатиҳо аз даври шаҳрии озмун бо роҳхат омад, аммо дар ин ҷо низ сазовори баҳои баланд нагардид. Омина Рустамова сабаби дар даври ниҳоӣ ноком гаштанашро дар он медонад, ки аз пурсиши ҳакамон аллакай маълум буд, ки чӣ гуна бо иштирокдорон саволу ҷавоб кунанд.
Дар озмун барои иштирокдороне, ки аз натиҷаи баҳогузории ҳакамон норозӣ ҳастанд, коммисияи апелятсионӣ ташкил карда шудааст, ки аксарият пас аз эълони натиҷаи холгузории ҳакамон аризаи апелятсионӣ навиштаанд. Муродбек Боқиев яке аз иштирокчиёни озмун дар суҳбат бо радиои Тоҷикистон гуфт, ки бо сабаби норозӣ буданам аз баҳои аъзои ҳакамон нисбати худ апелятсия навиштам, аммо ҳеҷ натиҷае надод:
“Бадии кор дар ҳамин аст, ки сабти видеоиро бо сабти дигар иштирокчиён қиёс намекунанд. Агар мутасаддиён баромади маро бо баромади ғолибон муқоиса менамуданд, бо боварӣ гуфта метавонам, ки сазовори мақоме мегаштам, аммо мутаасифона чунин накарданд.”
Иштирокчии дигар Нозанин Достзода мегӯяд, ки ӯ низ аризаи апелятсионӣ навиштааст, зеро ба баҳои гузоштаи ҳакамон норозӣ буд. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки ҳангоми аз назар гузаронидани сабти видеоии озмун бо аъзои коммисияи апелятсионӣ даъвоям беасос набаромад, вале то ҳанӯз аз ҷониби масъулин чорае дида нашудааст:
“Дар рӯзи 7-уми декабри соли 2021 ман дар даври чоруми озмун ширкат варзидам ва аз ҷониби ҳакамон сазовори баҳои баланд гаштам. Вале баҳое, ки дар ошёнаи дуюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон нашр гардидааст, ба баҳои гузоштаи ҳакамон ҳеҷ мувофиқат намекунад. Дирӯз аризаи апелятсионӣ навиштам ва аз ҷониби аъзои коммисияи апелятсионӣ даъвои ман беасос набаромад. Аз тарафи коммисияи апелятсионӣ ба ман гуфтанд, ки ин даъво беасос нест ва бояд аз ҷониби муттасадиён ба инобат гирифта шавад, вале то ҳанӯз ҷониби масъулин чорае надидааст. Ҳар яке вазифаи худро ба дӯши дигаре мегузорад ва нисбати ин масъала бетарафӣ карда истодаанд.”
Бо мақсади яктарафа баҳогузорӣ нашудани ин масъала мо андешаҳои масъули коммисияи апелятсиониро зарур шуморида ба онҳо муроҷиат намудем. Муҳаммаддовуд Саломиёнро масъули коммисияи апелятсионӣ муаррифӣ намуданд. Ҳангоми муроҷиати мо ӯ ин масъулиятро ба дӯши Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Фарҳод Раҳимӣ вогузор карданд. Аммо Фарҳод Раҳимӣ дар посух ба мо чунин гуфт:
“Ман дар ин Озмун масъулият надорам. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” масъулият доштем, ки озмунро гузаронидем. Агар дар мавриди Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бошад, марҳамат, мо ҳастем. Масъули чорабинӣ Вазорати маориф ва илм аст. Масъули апелятсия бошад, аз панҷ номинатсия коммисия ҳаст, ҳар кадомаш роҳбар дорад, раиси коммисия ва ду аъзо онҳо вазифадоранд, ки ба ҳар шикояти апелятсионӣ ҷавоб гӯянд. Агар қаноатманд кунанд, мегӯянд қаноатманд, агар не, онҳо бояд пешниҳод кунанд, ки холаш аз нав дида баромада шавад, ё чизи дигар.”
Бояд гуфт, ки мо ба суоли худ дар ин маврид посухи мушаххас наёфтем. Умедворем ин масъала аз ҷониби ашхоси масъул ба инобат гирифта шуда, ба арзи шаҳрвандон саривақт расидагирӣ менамоянд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”