Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Робинетт Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлоти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Амрико ва ибрози ҳамдардии ин ҷониб ба наздикону пайвандони фавтидагон, хоҳони шифои комили осебдидагон ҳастем”.