Боздошти омӯзгор бо гумони гирифтани 1000 доллар барои омода кардани шаҳодатномаи хатм

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як омӯзгори мактаби миён хабар медиҳад, ки ба талаби пора гумобар дониста мешавад.

Ба маълумоти манбаъ шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат карда хоҳиш намудааст, ки нисбати омӯзгори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бустони вилояти Суғд, бо номи Солиев Мамадҷон чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда оиди омода карда додани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 аз ӯ маблағи пулии 1 000 доллари ИМА талаб карда, аз ин маблағ 500 доллари ИМА-ро гирифта боқимонда 500 доллари ИМА-и дигарашро талаб карда истодааст.

Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Солиев М. баъди аз  шаҳрванд “А” гирифтани маблағи пулии 500 доллари ИМА боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, нисбати Солиев Мамадҷон бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.          Маркази матбуоти Агентӣ