Бар асари гирдбоди торнадои вайронгар дар шаш иёлоти ИМА ҳадди ақал 88 нафар ҷон бохтанд, ки 77 нафари онҳо сокинони иёлоти Кентукки буданд.
Бино ба гузориши расонащо аз қавли губернатори Кентукки Энди Бешир танҳо дар ҳамин иёлот беш аз 100 нафар бенишон ғайб задаанд. Вай гуфт, ки барои дақиқ кардани шумори ҳалокшудагону захмиён чанд ҳафта лозим аст. Торнадо дар ин минтақа чандин нуқтаи аҳолинишинро комилан хароб кард.
Садҳо сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаи ИМА барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ сафарбар шудаанд.
Ҷо Байден, президенти ИМА, ки қарор аст рӯзи оянда аз минтақаи офат дидан кунанд, гуфт, ки Вашингтон талош хоҳад кард барои зудтар бартараф намудани оқибатҳои ин офат кумак кунад.
Сарвари Кохи Сафед ҳоло эъломияи эълони ҳолати фавқулода дар минтақаро имзо кардааст, ки тибқи он аз ҳисоби захираҳои федералӣ барои Кентукки маблағҳо ҷудо карда хоҳанд шуд.
Бар асари боди шадид дар Ҳопкинз як қатор аз роҳ берун шудааст.
Дар иёлоти Иллинойс низ аз кушта шудани 14 нафар дар ин торнадо хабар доданд.