Ферстаппен аввалин маротиба қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард

Мавсими рангоранг, баҳсбарангез ва воқеан таърихии Формула-1 ба охир расид.  Макс Ферстаппен бо услуби аҷиб дар сонияҳои охирини мусобиқа дар Аморати Муттаҳидаи Араб аз Люис Ҳэмилтон пеш гузашт. Ферстаппен дар даври охирини GRAND PRIX ABU DHABI” Ҳэмилтонро мағлуб карда, қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Макс Ферстаппен, сарнишини дастаи “Red Bull” маротибаи аввал дар корномаи варзишиаш унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.  Варзишгари Нидерландия Ферстаппен дар марҳилаи охирини мавсими “GRAND PRIX ABU DHABI” ғолиб омад ва дар даври охир аз ронандаи  “Mercedes” Люис Ҳэмилтон, варзишгари Британияи Кабир пеш гузашт.

Ҳэмилтон дар оғози мусобиқа тавонист аз Ферстаппен пеш гузарад. Лекин дар анҷоми мусобиқа сарнишини “Red Bull” Ферстаппен ба пойга наздик шуд, ки дар он Ферстаппен тавонист аз Ҳэмилтон пеш гузашта, бо касби 8-имтиёз зиёдтар, соҳиби унвони қаҳрамонӣ гардад.

 Формула-1: натиҷаи умумии “GRAND PRIX ABU DHABI”

 1. Макс Ферстаппен («Ред Булл») – 395,5 имтиёз

 2. Люис Ҳэмилтон («Мерседес») – 387,5 имтиёз

 3. Валттери Боттас («Мерседес») – 230 имтиёз

 4. Серхио Перес («Ред Булл»)

 5. Карлос Сайнс («Феррари»)

 6. Ландо Норрис («Макларен»)

 7. Чарлз Леклер («Феррари»)

 8. Даниэл Риккардо («Макларен»)

 9. Пйер Гаслӣ («Алфа Таури»)

 10. Фернандо Алонсо.