Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса ба коронавирус гирифтор шудааст. Дар ин бора расонаҳо дар такя ба дафтари матбуотии раисҷумҳури ин кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Рамафоса дар ҳоли ҳозир машғули табобат буда, салоҳиятҳои ӯ муваққатан бар дӯши ноиби презизент Дэвид Мабузе вогузор шудааст.
“Президент Сирип Рамафоса пас аз мусбат арзёбӣ шудани натиҷаҳои тест ба беморӣ дар рӯзи якшанбе ба табобат пардохт” – омадааст дар иттилоияи нашршуда дар Twitter.
Гуфта мешавад, ки аҳволи президент баъд аз иштирок дар ҳамоише дар Кейптаун бад шудааст. Ба қавли манбаъ, ӯ ҳоло “аҳволи хуб” дошта, зери назорати мутахассисони хадамоти тиббию низомии вазорати дифои ҶАҶ мебошад.