Дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупо, байни дастаҳои “ПСЖ” ва “Брюгге”, ки бо ҳисоби 4:1 бар нафъи “ПСЖ” хотима ёфт, ҳамлавари аргентинӣ Лео Месси рекорди нав гузошт.
Дар ин рақобат Месси ду гол ба самар расонида рекорди шоҳи футбол Пелеро шикаст. Шоҳи футбол дар ҳисоби худ дар бозиҳои касбӣ 757-гол ба самар расонидааст.
Леонел Месси бо ду голи задааш ба дарвозаи “Брюгге” шумораи голҳояшро ба 758 расонида, ба ҷойи дуюм баромад. Мақоми аввалро ҳамлавари португалии дастаи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду соҳиб гардидааст. Роналду бо 801-гол дар ҷойи аввал қарор дорад. Месси бошад бо задани 757-гол баъд аз Роналду дар ҷойи дуюм меистад. Дар баробари ин Месси дар бозии дирӯза муқобили “Брюгге” тавонист, боз як рекорди дигар гузорад.
Бошгоҳи “Брюгге” 38-умин дастае мебошад, ки Леонел Месси ба дарвозааш дар Лигаи Чемпионҳои Аврупо гол мезанад. Ин нишондодро пеш аз ҳамлавари аргентинӣ танҳо Криштиану Роналду ба даст оварда буд. Месси дар ин бозӣ тавонист, рекорди рақиби азалиашро такрор намояд. “ПСЖ” баъди ин ғалаба бо касби 11-имтиёз дар ҷойи дуюми гуруҳи А ба марҳилаи плей-офф баромад.