Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар сомонааш хабар медиҳад, ки 28 июни 2020 дар бо партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар он кишвар муваққатан қарор доштанд, тариқи гузаргоҳи “Дустӣ”-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба Ватан оварда шуданд.
Манбаъ ҳамчунин менависад, ки 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Алмато ба Душанбе баргаштанд. Дар назар аст, имрӯз ҳам як парвози чартерӣ ба хатсайри Душанбе-Новосириск-Душанбе анҷом дод мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тиқби як қарори бозгардонии шаҳрвандоне, ки дар шароити пандемияи Коронавирус ва баста шудани сарҳадҳо дар кишварҳои хориҷ дармондаанд, марҳила ба марҳила татбиқ мекунад. Гуфта мешавад, ки бозгардонии шаҳрвандон аз роҳҳои заминию ҳавоӣ ба нақша гирифта шудааст.