Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-14 октябри 2021 дар Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.
Дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар чорчӯби ИДМ табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми нишаст роҳбарони ҳайатҳо 14 қарорро имзо карданд, аз ҷумла лоиҳаи Эъломияи сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳод ба муносибати 30-юмин солгарди ИДМ-ро бар асос гирифта, Нақшаи баргузории машваратҳои бисёрсатҳа дар чорчӯби Иттиҳод барои соли 2022 ва Низомнома дар бораи Ассотсиатсияи байналмилалии (комиссияи) таърихшиносон ва бойгонони давлатҳои иштирокдори ИДМ, инчунин дигар санадҳоро тасдиқ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 8 апрели соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.