34 ҳазор нусха асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз нав дар як ҷилд интишор ёфтааст, ба ноҳияи Ёвон оварда шуд, хабар дод мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ёвон Рустам Шарифзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки туҳфаи ҷашнии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бо мақсади шиносоии бештар бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ба ҳар хонаводаи ноҳияи Ёвон туҳфа мегардад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон Файзиддини Муҳаммадӣ иброз дошт, ки “китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархурдор аст. Ин шоҳасар насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд ва ба Ватани хеш содиқона хизмат намоянд”.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат моҳи декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»