Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.
Ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов сафари мазкур бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп аз таърихи 12 то 15 октябри соли ҷорӣ амалӣ мегардад. Ба ҳайат Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Мирзоанвар Ахмедов шомиланд.Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни ин сафар бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлува дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад.