Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ қатъномаеро қабул кард, ки дар он мақоми Гузоришгари вижа оид ба Афғонистон таъсис дода мешавад, то вазъи башардӯстона пас аз ғасби қудрат аз ҷониби Толибон ва тавсияҳои онро назорат кунад. Гуфта мешавад, ки Покистон, Чин ва Русия мухолифи ин иқдом буданд, аммо Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз тарҳи таъини Гузоришгари вижа оид ба Афғонистон ҷонибдорӣ карданд. Дар ин бора бахши дарии телевизиони Садои Амрико хабар медиҳад.
Лотти Кнудсен, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе (7 октябр) гуфтааст, ки “Ин як иқдоми зарурӣ барои таъмини назорати идомаи коршиноси содиқ ва мустақил ва ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон аст.”
“Ҳуқуқи занону духтарон боиси нигаронии махсуси мост. Амалҳои Толибон бо ҳуқуқи занону духтарон мухолифанд ва ниҳоят нигаронкунандаанд”, – гуфтааст Лотти Кнудсен дар идома.
Аз 47 узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 28 нафар ба ҷонибдорӣ аз ин тарҳ ва панҷ нафар – Покистон, Венесуэла, Эритрея, Русия ва Чин бар зидди он раъй доданд. 14 кишвар низ худдорӣ карданд.
Покистон ва як қатор кишварҳои дигар низ ба таъини гузоришгари вижа оид ба Афғонистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи 24 август мухолиф буданд.
Аммо Мишел Бачелет, Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ аз шӯро даъват кард, то як механизми назорат бар нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистонро таъсис диҳад.
Илова ба мониторинги вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳбуди вазъ, Гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон вазифадор хоҳад шуд, ки ба кишвар дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба ҳуқуқи инсон кумак кунад.
Қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ “фавран ба ҳама нақзи ҳуқуқи башар ва нақзи қонунҳои башардӯстона дар Афғонистон” даъват мекунад ва ба эҳтироми озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии баён ва гирдиҳамоиҳои осоишта даъват мекунад.
Гузоришагре, ки бояд дар оянда муаррифӣ шавад,12 моҳи аввал кор хоҳад кард. Бояд дар давоми як сол ба Созмони Милали Муттаҳид гузориши хаттӣ пешниҳод кунад.
Афви Байналмилал бо истиқбол аз ин иқдом гуфтааст, ки таъини Гузоришгари вижа як қадами муҳим барои назорати ҷиддии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз вазъи Афғонистон хоҳад буд.