7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони вилоят гарму симимӣ истиқбол гирифтанд.
Намояндагони аҳли фарҳангу зиё ва ҷавонон дар фазои шукӯҳу шодӣ ба Президенти маҳбуби хеш садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилоятро эҳдо намуданд.