Чорводорӣ яке аз ҷузъҳои таркибии бахши аграрии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар пас аз истеҳсоли зироат дар ҷои дуюм қарор дорад. Гузашта аз ин дар минтақаҳои кўҳии ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Коршинос Наҷмиддин Раҷабов аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки рушди соҳаи чорводорӣ дар баробари ғанӣ гардондани бозори истеъмолии мамлакат бо ғизои гўшту ширӣ боз бо таъмини ашёи хом, аз қабили пўсту пашм ба рушди саноати ватанӣ мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ин мутахассиси соҳа, маҳз бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Воқеан имрўзҳо дар самти хушзоткунии чорво дастоварду пешравиҳоро бармало мушоҳида мекунем. Ҳамсуҳбати мо коршинос Наҷмиддин Раҷабов мегўяд, ки дар ҳошияи амалигардии барномаҳои соҳавӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз мамолики Аврупо ба қаламрави кишвар зоти чорвоҳои хушзот ворид шуданд, ки он рушди соҳаро такони ҷиддӣ бахшид.
Харидани зотҳои беҳтарини чорвои ширу гўштдеҳ аз хориҷи кишвар на барои ҳама хоҷагиҳои чорвопарварӣ ва хоҷагиҳои шахсӣ аз лиҳози иқтисодӣ муфид аст. Наҷмиддин Раҷабов аз Иниститути чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки дар ин самт олимони соҳа кўшиш доранд, то навъҳои зоти гўштии чорвои калонро пешниҳоди ҷомеаи кишоварзӣ намоянд, то мушкилоти гўштӣ дар кишвар ҳали худро ёбад.
Тавре аз суҳбат бармеояд, имрўз замоне фаро расидааст, ки чорводор бояд ба теъдоди чорво диққат накунад, балки кўшиш кунад, ки зотҳои сермаҳсулро парвариш намояд. Яъне ба ибораи дигар аз миқдор ба сифат гузарад. Рушди чорводорӣ омили фаровонии маҳсулоти ғизоӣ буда, барои расидан ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ва нигоҳ доштани устувории бозори истеъмолии мамлакат роҳандозии тадбирҳои нав аз ҷониби масъулон зарур мебошад. Танҳо дар ҳамин суръат, мо метавонем, дар самти таъминот бо гўшту шир ва маҳсулоти гўштиву ширӣ ба худкифоӣ бирасем.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”