Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли 2021, №251 «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид.
Лоиҳаи Фармони мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки зимни мулоқот бо олимони кишвар соли 2020 баён дошта буданд, пешниҳод гардид ва аз ҷониби Сарвари давлат ба имзо расид.
Дар асоси фармони мазкур музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна ба андозаи 28 фоиз зиёд гардид.
Ин иқдоми дурандешонаи Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маорифи кишвар мебошад.