28 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Ба ин муносибат намояндагони илму таълими сохторҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ба донишгоҳ омада, бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи донишгоҳ ба зиёрати оромгоҳи устод Сотим Улуғзода рафтанд. Баъд аз дуову фотеҳа устодони факултет Муртазо Зайниддинзода ва Аламхон Кӯчарзода дар робита ба фаъолияти эҷодӣ ва мавқеи устод С.Улуғзода дар адабиёт сухан гуфтанд.
Меҳмонону устодон дар Шаҳраки донишҷӯён аз Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ ва Ганҷинаи ба номи профессор Шарифҷон Ҳусензода боздид намуданд.
Баъдан дар толори калони бинои асосии донишгоҳ бахши аввали Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, адибони шинохтаи ҷумҳурӣ Абдулҳамид Самадов ва Ато Мирхоҷа оид ба ҳаёту фаъолияти Сотим Улуғзода сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷии донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ «Пайвандҳои ҷуғрофиёву миллии осор ва андешаи Сотим Улуғзода», муҳаққиқ, устоди Донишгоҳи Ослои Норвегия Фарида Аҳмадӣ «Баррасии осори Сотим Улуғзода аз дидгоҳи инсоншиносӣ» ва профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ А.О.Худойдодов «Муносибати эҷодии Сотим Улуғзода бо Аҳмади Дониш» баррасӣ шуданд.
Дар хатми ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ таҳия гардида буд, намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш дар ду бахш: бахши адабиётшиносӣ ва бахши забоншиносӣ давоми ду рӯз идома ёфта, дар он беш аз 50 маърӯза мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Манбаъ: АМИТ “Ховар”