Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба сафири ИМА дар Тоҷикистон номаи эътирозӣ додааст.
Ба иттилои манбаъ, “14 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид.
Ба Сафири ИМА оид ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҷаноби Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд.
Дар ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.
Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.”
Ёдовар мешавем, ки Ҷо Байден, президенти ИМА дар Пенсилвания зимни ҳимоят аз тасмим барои хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ва шарҳи ин ҳолат, гуфта буд, ки “Агар мо дар Тоҷикистон ҳам як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии С-130-ро мебаровардему мегуфтем, ки мо ба ҳамаи онҳое, ки мо ҳамкор буданд, иҷоза медиҳем, ба ҳавопаймо савор шаванд, шумо одамонро ҳамонгуна дар шасси овезон медидед”.