Саге бо орзуи газидани офтоб

Дар урфият мегуянд, ки «Офтобро бо доман пушонида намешавад», аммо паштун-террористи Гулбиддин Ҳикматёр бо тахайюли аблаҳона дар фикри пушонидани офтоб бо доман аст. Мавқеи Тоҷикистонро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи Афғонистон баён доштанд, ҳамчун ҷудоиандозӣ байни миллату қавмҳои Афғонистон маънидод кардааст.

Гулбиддин чун «мулло»-и таҳоратнадида дар ҷойнамози сиёсат намоз гузоштан хостааст. Аз гуфтораш як ҳарфу ҳиҷои мантиқдор ҳам пайдо карда намешавад. Рӯзноманигор Ҳарамгули Қодир бисёр хуб зикр кардааст, ки инҳо (афғонҳо) қай иттифоқ буданд, ки акнун байнашон ҷудоӣ шавад? Воқеан тамоми ҷаҳон аз сиёсатмадор сар карда то деҳқони оддӣ медонад, ки дар Афғонистон наздики 50 сол аст, ки ҷанги паштун бо миллату қавмҳои дигари ин кишвар ҷараён дорад. Ҳикматёри як ҳаёт аз тоҷику узбек ва дигар қавмҳои афғонистон шикастхурда зери ниқоб мехоҳад нишон диҳад, ки бо онҳо ҳеҷ мушкиле надоранд. Аммо, бо бозие ҳукумати паштунасосро ба дасти толиби паштунпоя таслим кардан, куштану бадарға намудани намояндаҳои миллатҳои тоҷику ӯзбек, ҳазораҳо ва дигар қавмҳо намунаи бебаҳси қавмгароии онҳост.

Гулбиддин Ҳикматёр, дар сиёсат як раққоса аст. Раққосаи хушхироме, ки ҳар сароянда метавонад уро бо худ ба тую сур бибарад ва чун Гулбадан бирақсад. У бештар зери таронаҳои урдуиву паштуи мерақсад. Акнун дар сари пириҳош, ки дигар аз рақс мондааст, толибон пешдарои намозҳо интихобаш карда ба дасташ микрофон додаанд. Рӯзноманигор Фахриддин Холбек қайд мекунад, ки вақте роҳбарони собиқи Покистон ошкоро аз қавми паштуи Афғонистон ҳимоя мекарданд, чаро Гулбиддин Ҳикматёр ба онҳо ҷавоб намегардонид? Воқеан, суоли мантиқист, ки матраҳ шудааст. Чаро? Ҷавоб бармалост ва ҷойи шарҳ надорад.

Имрӯз, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳаёти тамоми миллату қавмҳои кишвари ҳамсояаш нигарон аст ва барои ояндаи беҳтари онҳову ҷумҳурии Афғонистон меандешад, ин толиб-террорист забон бароварда аз қавмгароӣ ҳарф мезанад?! Ин аблаҳ воқеан намедонад, ки солиёни зиёдест дар натиҷаи бозии хориҷиён худро (паштунҳоро) аз ақвоми дигари Афғонистон боло гузоштаанд ва Афғонистонро бадбахт кардаанд. Имрӯз низ паштунтолибон мехоҳанд дар ин кишвар як Имороти ба ном исломӣ ва бо ҳадаф паштуӣ бунёд созанд ва дигар миллату қавмҳоро оҳиста-оҳиста нест кунанд. Вале дониста бошанд, ки ин ҳадафшон доманаи ҷангро дар Афғонистон ба садсолаҳои дигар мебарад. Гулбиддин Ҳикматёр бо тафаккури гусфандиаш инро дарк намекунад? Аз он, ки хоҷааш толиб аст ҳарфи онҳоро мегуяд. Бо ин гуруҳи террористӣ, бо ин тафаккур ва бо ҷойнамози сиёсӣ Гулбиддини Ҳикматёр ва ҳамфикронаш таъбири «Давидани гусола то каҳдон»-ро пеши рӯ меорад. Зуд аст, ки сари хеш чу гирдоб мехуранд!

Мавқеи Тоҷикистон ва Пешвои он ба ҳадафҳои дарозмуддат ва ояндаи дурахшони Афғонистон нигаронида шудааст. То он вақте, ки миллату қавмҳо дар ҷомеа тавозунро нисбат ба худашон эҳсос накунанд, кишвар ором ва сулҳ барқарору пойдор нахоҳад буд.  

Ба Афғонистони бародар сулҳ мехоҳем ва ҳамаи мо дар мавқеи Роҳбари тоҷикони дунё, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор мемонем.     

                                                                Мансур Шоҳиён,

рӯзноманигор