Дар охири равзанаи гузариши футболбозони қораи Аврупо дар мавсими имсола бисёр хабарҳои ғайриинтизорро шунидем. Акнун хабари охироне, ки тамоми расонаҳои варзишии ҷаҳон дар бораи он навиштанд, ин гузариши Криштиан Роналду ба дастаи “Манчетер Юнайтед” буд. Ҳамагон мунтазир ҳастанд, ки ин бозингар таҳти кадом рақам ва кай ба майдон мебарояд.
Имрӯз рӯзи охирони гузариши футболбозон дар равзани тобистона мебошад. Дар ин мавсим дастаҳо барои хуб кардани ҳайаташон бозингарони ба худ “мақбул”-ро харидорӣ карданд. Айни ҳол дар ҷаҳон ду ситораи маъруфтарини футбол ҳастанд. Яке Леонел Месси, ки дастаи “Барселона”-ро тарк карда, ба дастаи “ПСЖ”гузариш намуд, дигаре ин Криштиан Роналду аст, ки ин мавсим ба дастаи дӯстоштааш “Манчетер Юнайтед” баргашт.
Акнун ин ду бозингар миллионҳо мухлиси худро аз мусобиқаҳои қаҳрамонии Испанияву Италия ба Лигаи якуми Фаронсаву Премер Лигаи Англия бурданд. Ҳаводорони футбол аз ин ду бозингари беҳтарини сайёра чӣ мехоҳанд? Коршиносону шореҳони футбол дар мавриди он ҳадс мезананд, ки ҳадафи роҳбарияти дастаи “ПСЖ” барои гузариши Леонел Месси ягона аст, ки ин даста мехоҳад, дар ин мавсим қаҳрамони бузургатарин мусобиқаи қораи Аврупо дар самти футбол- Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ба даст гардад. Аммо акнун Криштиан Роналду дар Англия чӣ мунтазир аст? Ӯ дар синни 36 солагӣ, ки аксар футболбозони маъруф аз қабили Зайниддин Зедану Ронадинио фаъолияти касбии худро ҷамъбаст карда буданду Криштиан Роналду дар ин синну сол ба бузургатарин ё худ беҳтарин мусобиқаи футбол ПЛА омад. Тавре хабар доред, Роналду аз дастаи “Ювентус”-Италия ба дастаи “Манчетер Юнайтед”-и Англия омад, ки ин бозингар солҳои 2003 то 2009 дар ин даста зери роҳбарии Алексис Фергюсон фаъолият карда буд.
Ҳоло Криштиан Роналду бо маблағи 15 миллион евро аз ҷониби дастаи “Манчестер Юнайтед” харидорӣ карда шуд. Айни ҳол рақаме, ки бояд Роналду ба майдон барояд муайян нест. Қаблан гуфта мешуд, ки рақами 7-ро ба бар мекунад. Аммо бо ин рақам Эдинсон Кавани ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Сармуррабии дастаи “Манчетер Юнайтед” Оле Гунар Сулшер дар бораи Криштиан Роналду чунин изҳор доштааст: “Ӯ бо мо ба хотири он, шартнома баст, ки дар курсии эҳтиётӣ бишинад. Ӯ мехоҳад, ки дастаи моро боз ҳам беҳтар кунад. Қабалан ӯ дар хатти ҳуҷуми чап баъдан рост ҳунарнамоӣ мекард. Акнун мо мехоҳем, ки ҳамчун ҳамлагари марказӣ фаъолият кунад” Акнун мо мунтазири он хоҳем шуд, ки Криштиан Роналду дар дастаи наваш ба чӣ комёбиҳо ноил мегардад ва кадом дастовардҳоро соҳиб мешавад.
Саъдӣ Ғоибов
Радиои “Тоҷикистон”