Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки хушзоткунӣ яке аз роҳҳои рушди соҳаи чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Ин бахш аз соҳаҳои асосии бошандагони деҳот ба ҳисоб рафта дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳамзамон бо шуғли доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши аввалиндараҷа дорад. Афзоиши рўзафзуни аҳолӣ моро водор мекунад ба чорводорӣ, ки манбаи асосии истеҳсоли гўшту шир мебошад, бетафовут набошем.
Ин аст, ки тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ин бахши соҳаи кишоварзӣ дар меҳвари сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин давра чандин барнома ва лоиҳаҳои рушди соҳа қабул ва амалӣ гардид. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов мегуяд, ки ҳамаи қонунҳои соҳавии қабулшуда ва амалишавии барномаҳо дар самти рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла хушзоткунӣ ва зотпарварӣ мусоидат кард.
Дар ҳамин ҳол Муқимзода Ҳофиз-сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва харидуфурўши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд, ки имрўзҳо 92 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 80 дарсади бузу гўсфанд ба бахши аҳолӣ рост меояду ба талаботи меъёрҳои зотпарварӣ ҷавобгў нест, аз ин рӯ хушзоткунии сартосарии чорвои кишвар дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши бориз дорад.
Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки мо имрўзҳо дар самти хушзоткунии чорво дастоварду пешравиҳоро мушоҳида мекунем. Дар ҳошияи амалигардии барномаҳои соҳавӣ нуқтаҳои бордоркунӣ дар қаламрави кишвар афзуд.
Муқимзода Ҳофиз-сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва харидуфурўши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ дорад, ки дар ояндаи наздик муассиаи мазкур на танҳо талаботи нуқтаҳои бордоркунии сунъии кишварро бо маҳсулот-вояҳои хушсифати муҳосил қонеъ мекунад, балки ба хориҷ аз мамлакат низ ин қабил маҳсулотро содир мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов мегўяд, ки пайомади тағйирёбии иқлим аз мо тақозо мекунад, ки ҳарчӣ бештар аз пештар ҷиҳати хушзоткунии чорво гомҳои устувор ниҳем
Тавре аз суҳбат бармеояд, имрўз замоне фаро расидааст, ки чорводор бояд ба теъдоди чорво диққат накунад, балки кўшиш кунад, ки зотҳои сермаҳсулро парвариш намояд. Яъне ба ибораи дигар аз миқдор ба сифат гузарад. Танҳо дар ҳамин суръат, мо метавонем, дар самти таъминот бо гўшту шир ва маҳсулоти гўштиву ширӣ ба худкифоӣ бирасем. Дар ин самт ба чорводорон барору комёбӣ хоҳонем.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”