Аз сентябр бидуни QR-code вуруд ба Россия манъ мешавад

Аз 1 сентябри соли равон дар асоси қарори Ҳукумати Федератсияи Россия вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди ФР бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ  мегардад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар дода, ма маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки онҳо метавонанд пас аз насби барномаи «Путешествую без COVID-19» дар телефони мобилии худ рамзи QR-code-ро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ (воқеъ дар Қараболо) дастрас намоянд.

“Бинобар қоидаҳои нави ворид шудан ба Федератсияи Россия, минбаъд чунин маълумотномаҳо оид ба тоза будан аз бемории коронавирус тариқи рамзи QR-code дар телефонҳои мобилӣ (смартфон) ҷойгир кунонида шуда, мавриди истифода қарор мегиранд, ки  тартиби дурусти пайдо намудани ин ҳуҷҷат чунин аст: дар асоси лоиҳаи «Саёҳат бидуни COVID-19» барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар интернет-мағозаҳое, ки дар телефон барномагузорӣ шудааст, барномаи наве бо номи «Путешествую без COVID-19» кушода  шудааст. Шаҳрвандон бояд ин барномаро дар телефони дастии худ насб намуда, маълумоти заруриро ворид кунанд»,-илова кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки пас аз ворид намудани маълумот барнома ба шумо маконҳоеро, ки дар он ҷо гирифтани ташхис дар намуди QR-code имконпазир аст, пешниҳод менамояд. Ба воситаи барномаи мазкур макони барои худ мувофиқро интихоб намуда, бо шиносномаи хориҷӣ ба онҷо муроҷиат кунед.

Бояд гуфт, ки пас аз гузаштани ташхис тамоми маълумоти заруриро дар шакли рамзи  QR-code ба барномаи дар телефон насбшуда бояд  ворид кард.

Ҳангоми сафар ба  Федератсияи Россия рамзи QR-code-ро аз тариқи телефон ба нафарони масъул бояд нишон дод.