Баҳри пешгирӣ намудани аҳолӣ аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар шаҳри Роғун аввалин шуда, кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ваксинаҳои «Мoderna», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca» ба таври пурра истифода намуданд.
Тавре роҳбари Маркази саломатии шаҳри Роғун Умедҷон Урозов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар додааст, «бори аввал ба шаҳри Роғун 783 вояи ваксинаи «AstraZeneca» ворид шуд, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва кормандони ширкатҳои сохтмонии Вибил ва Ориёно бо ин ваксина фаро гирифта шуданд. Дар марҳилаи дуюм ҳафт ҳазор вояи ваксинаи «Мoderna» ва панҷ ҳазор вояи ваксинаи «CoronaVaс» ба шаҳр ворид шуд, ки бо ин ваксинаҳо сари вақт 3062 нафар кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» эмгузаронӣ шуданд. Аз сабаби он ки қисми зиёди кормандони неругоҳ дар як моҳ 15 шабонарӯз кор мекунанд, дар рӯзҳои истироҳат дар зодгоҳашон эмгузаронӣ шуда, бо шаҳодатномаи ваксинатсия ба кор ҳозир мешаванд. Ҳоло тамоми кормандони бузургтарин Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ваксина фаро гирифта шудаанд».
Тибқи иттилои сардухтури шаҳри Роғун Бахтовар Акобиров, «сокинони шаҳри Роғун дар маъракаи ваксинатсия барои пешгирии ин бемории сироятӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 12637 нафар аз ин ваксинаҳо истифода намудаанд. Хушбахтона, бо сабаби сари вақт гирифтани ваксина ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯзҳо дар беморхонаи шаҳри Роғун бо нишонаҳои бемории коронавирус ягон нафар бистарӣ нест».
Имрӯзҳо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва соҳаи тандурустӣ барои фаҳмонидани моҳияти истифодаи ваксина дар пешгирии бемории коронавирус ва фоидаи он ба саломатии инсон ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар гардидаанд.
Масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Роғун гуфтанд, ки «ин маърака дар сатҳи зарурӣ доир шуда, нуқтаҳои эмгузаронию нигоҳдории ваксинаҳо зери назорати доимии мутахассисони санитарӣ қарор доранд. Мо кӯшиш менамоем, ки корҳои фаҳмонадиҳиро миёни аҳолӣ барои риояи қоидаҳои гигиению беҳдоштӣ ва риояи бастани ниқобу фосилаи иҷтимоӣ зиёд намуда, хуруҷи ин бемориро дар байни аҳолӣ кам намоем».
АКС аз АМИТ «Ховар»