20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии бино 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Комплекс» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Прект инвест» мебошад.
Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.
Бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин карда шуда, бидуни омили инсонӣ ва сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.
Инчунин соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.
Иншоот бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, ҳамзамон саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан обод гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо шароити кормандон ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супоридани иншооти навро дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кормандони соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки сатҳи хизматрасониро ба андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона фаъолият намоянд.