Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони таъйиноти махсус, табодули таҷриба дар мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор имрӯз дар машқгоҳи саҳроии «Марғоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор роҳандозӣ гардиданд.
Тавре Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, айни замон машқҳои тактикии муштарак бо истифода аз силоҳу муҳимоти навтарини муосир, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҳарбӣ, танку тӯпҳои дурандоз, неруҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерияи ҷангӣ муваффақона идома доранд.
Ҷараёни машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси ҳарду кишварро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саиднахш Раҳмонзода, намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Юнфэн, сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ намуда, зери назорати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки машқҳои мазкур аз 17 август оғоз гардида, 20 августи соли равон анҷом меёбанд.