Заминларза бо қувваи то 4 бал Тоҷикободро такон дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки дирӯз дар қаламрави кишвар заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд.

Ба навиштаи Кумита маркази заминларза 156 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 18 киллометр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Тоҷикобод буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар ноҳияи  Тоҷикобод  2-3  баллро ташкил дод. Аз талафоти ҷонӣ ва хисорот гузориш нарасидааст.

Хотирасон мекунем, ки дар ин минта рӯзи 10 июл низ чунин ҳодисаи табиат рӯх дод, ки дар натиҷа, хонаҳои истиқоматӣ хароб шуданд ва мутаассифона, панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд.

12 июли соли 2021 Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод ва Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офат 123 хона дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод аз назар гузаронида шуд. Маълум гардид, ки 137 хоҷагӣ дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстон 21 хона пурра ва 56 хона қисман вайрон шуданд. Ба зарардидагон кумаки тиббӣ расонда шуда, дар ҳавлиҳо корҳои зиддиуфунӣ роҳандозӣ шуданд. Онҳо бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, руғани рустанӣ, маҳсулоти макаронӣ, биринҷ, ниқобҳои истифода барои як бор, антисептикҳо, об ҳамчунин неруи барқ таъмин карда шуданд.