Аз оғози ҳафтаи оянда то 5 сентябр дар шаҳри Токио 16-ум Бозиҳои Паралимпиада баргузор мешавад
Кумитаи олимпии Тоҷикистон менависад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як варзишгар – Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамроҳи Акмал мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид гардидааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, ҷудо, паверлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба.
4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.