Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо шароити нави бинои факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино масъулонро вазифадор намуд, ки дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ ҳамзамон сатҳи таълиму тарбияро боз ҳам баланд бардошта, мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва ҷавобгӯи бозори меҳнатро омода созанд.
Бояд гуфт, ки бинои мазкур аз таъмири пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ бароварда шуда, бо ифтитоҳи иншоот дар самти таҳсилоти олӣ, рушди илм, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш, инкишофи малакаи касбӣ, шароити мусоид барои корҳои илмиву инноватсионӣ ва мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ имкони беҳтар фароҳам оварда шуданд.
Тавре сомонаи “Ховар” менависад, дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсати донишгоҳ иншоотро пурра таъмир намуда, муосиртарин ашёи хонишро дастрас намуданд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарматсия соли 2016 баҳри таъмини таҳсилоти босифати фармасевтӣ ва робитаи илм бо истеҳсолот дар назди факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маркази таълимию истеҳсолии “Фарматсия” таъсис дода шуд.
Сарвазири мамлакат ба истифода супоридани иншоотро туҳфаи арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб ба омӯзгорон ва донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат арзёбӣ намуд.