Дар рейтинги ФИФА Тоҷикистон 5 зина боло рафт

Бар асоси рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеашро иваз кард.

Тибқи ин рейтинг дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеашро иваз карда, бо касби 1158 имтиёз ба зинаи 116-ум баромад. Тавре “Ховар” навиштааст, дар рейтинги нави ФИФА Белгия бо 1822 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1798 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Фаронса бо 1762 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Бояд гуфт, ки миёни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Ҷопон дорад, ки бо касби 1529 хол дар зинаи 20-ум ҷой гирифтааст. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 20-ум мавқеъ касб намудааст.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1822)
  2. Бразилия (1757.3)
  3. Фаронса (1742.65)
  4. Англия (1686.78)
  5. Италия (1666.12)
  6. Аргентина (1648.13)
  7. Испания (1642.06)
  8. Аргентина (1641.95)
  9. Португалия (1639.08)
  10. Мексика (1631.55)