Нокомӣ шароити хуб барои аз сари нав оғоз кардани кар аст” гуфтаанд бисёриҳо баъд аз музафарияташон. Иштирокчии бозиҳои Олимпиадаи тобистонаи Токио варзишгари 24-солаи кишвар дар риштаи гуштини ҷудо дар варзни 100кг Темур Раҳимов сўбҳи имрўз пас аз як даври пирўзи дар даври дуюм шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо дар ин мусобиқа бенасиб гардид. Темур дар даври аввал бо Эндӣ Гранда ҷудокор аз кишвари Куба андари майдон шуда, ин варзишгарро ба тахтапушт хобонид.
Аммо шодию нишот дер давом накард, дар даври дуюм рақиби Темур Раҳмов қахрамони ҷаҳон дар соли 2018 варзишгар аз Гурҷистон Гушам Тишували буд. Темур рақобати хуб нишон, дод аммо бохт домангираш шуда, бо олимпиадаи Токио видоъ гуфт. Сомон Маҳмадбеков Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён низ пештар дучори бохт шуда будаанд. Тамом олимпиада барои ҷудочиёни мо хотима ёфт.
Маврид ба тазаккур аст, ки Анастасия Тюрина варзишгарбонўи тоҷик дар риштаи шиноварӣ имруз соати 15 : 28 ба вақти Душанбе дар масофаи 50 метр бо сабки озод ба рақобат мебарояд. Бояд гуфт, Тюрина таҷрибаи олимпиадаро дошта иштирокчии бозиҳои Олимпӣ дар “Рио” дар соли 2016 мебошад.
Зиёвиддин Назаров
Радиои “Тоҷикистон”