Баргузории даври нахустини машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Баҳрайн

 27 июл нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн дар шакли видеоконфронс баргузор шуд. 

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн доктор шайх Абдуллоҳ бин Аҳмад Оли Халифа роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зарурати баргузории аввалин Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногунро таъкид намуданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ