Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баргардонидани донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, гуфта шуд, ки онҳо метавонанд бо ирсоли ариза таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишварамон идома диҳанд.
Вазири маориф ва илм, Муҳаммадюсуф Имомзода тавзеҳ дод, ки дар Қирғизистон шаҳрвандони мо асосан дар ду шакл таҳсил мекунанд: тариқи бурсияҳо ва аксарияташон худашон дохил шудаанд, ки шумораашон 2000 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо асосан дар вилоятҳои Бодканд, Ош ва шаҳри Бишкек таҳсил карда истодаанд.
“Дар сурати муроҷиати онҳо мо ба донишҷӯёне, ки буҷавӣ таҳсил мекунанд, ба шакли буҷавӣ ва донишҷӯёни таҳсилоти шартномавӣ ба тариқи шартномавӣ ба мактабҳои олии кишвар қабул карда мешаванд”, – илова кард вазири маориф.